Дар Тоҷикистон барои рушди гӯштини миллӣ барнома ва санадҳои дахлдор таҳия мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияҳои гӯштингирии Тоҷикистон ва байналмилалии гӯштингирӣ нақша доранд, ки якчанд санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои давлатиро таҳия ва амалӣ намоянд, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ мусоидат менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегирад. Гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хоси худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешаванд, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.
Имрӯз ҷашнҳои мардуми тоҷикро бе мусобиқа оид ба намудҳои гӯштини миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи мусобиқаи гӯштингирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.
Аз рӯи анъана, пиронсолон бо рақобати худ гӯштингириро оғоз карда, ба ин восита ба бозигарони ҷавон фотиҳа медоданд. Баъдан кӯдакон вориди майдон мешаванд, ҳатто бачаҳои 4-5-сола низ метавонанд дар ин гуна мусобиқот иштирок кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯштингирӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, таҳияи қоидаҳои нави гӯштингирӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба ҳамин восита муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи байналмилалӣ шаҳодати ин аст.
Мавриди зикр аст, ки бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи баргузории онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






