ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рухаки вилояти Суғд боғҳои нав бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боғҳои нав ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бо бунёд шудани боғҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад.
Зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз минтақаи Рухак иттилоъ дода шуд, ки бо тавсияи олимону мутахассисон ва бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар ин мавзеъ 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода ташкили боғҳои нав ва азхудкунии заминҳоро талаботи рӯз арзёбӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкаширо таъмиру таҷдид намуда, бо ин роҳ истифодаи самараноки заминро таъмин намоянд.
Истифодаи самараноки замин имкон медиҳад, ки сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.
Бояд гуфт, ки соли 2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилояти Суғд 889 гектар боғу токзори нав бунёд гардиданд, ки нисбат ба нақша 3,9 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғҳои интенсивӣ мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






