ДАВЛАТҲОИ ҶАНУБ ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР МЕГИРАНД. Сарвазири Ҳиндустон бар он аст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ рушди иқтисоди ҷаҳониро дар асри XXI таъмин менамоянд

Январь 13, 2023 12:45

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асри XXI рушди иқтисодии кишварҳои мутараққӣ коҳиш ёфт ва акнун иқтисоди ҷаҳон аз ҳисоби давлатҳои дар ҳоли рушд афзоиш меёбад. Дар ин бора Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ зимни ифтитоҳи нишасти дурӯзаи маҷозии «Овози Ҷануби Ҷаҳонӣ*» изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Дар асри XX кишварҳои рушдёфта неруи пешбарандаи иқтисоди ҷаҳонӣ буданд. Имрӯз, иқтисоди аксари ин кишварҳо коҳиш меёбад. Маълум аст, ки рушди ҷаҳонӣ дар асри XXI аз ҳисоби кишварҳои Ҷануб хоҳад буд. Фикр мекунам, ки агар мо якҷоя амал кунем, метавонем рӯзномаи ҷаҳониро таҳия намоем», — гуфт Модӣ.

Ӯ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти умумие, ки ҳоло кишварҳои дар ҳоли рушдро ба ташвиш меоранд, ҷалб намуд. Инҳо асосан норасоии захираҳо барои эҳтиёҷоти рушди ин кишварҳо ва носуботии афзоянда «ҳам дар фазои табиӣ ва ҳам геосиёсӣ» мебошанд.

«Бо вуҷуди ин, ҳамчунин маълум аст, ки мо кишварҳои рӯ ба тараққӣ пур аз энергияи мусбат ва пур аз боварӣ ҳастем», — тазаккур дод Модӣ.
12-13 январ Ҳиндустон мизбони нишасти маҷозӣ бахшида ба мушкилоти кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ таҳти мавзӯи «Як овоз, як маром» мебошад.

Кишварҳои Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб, ҷазираҳои Уқёнуси Ором, инчунин кишварҳои рӯ ба тараққии Осиёро шартан Ҷануби Ҷаҳонӣ меноманд.

Барои иштирок дар нишаст намояндагони беш аз 120 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд. Дар доираи он даҳ иҷлосия ташкил карда мешаванд, ки дутоаш дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳашттоаш дар сатҳи вазирон баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2015 Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ зимни сафараш ба Чин барои анҷом додани музокирот бо Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ошкоро баён дошта буд: «Асри XXI асри Осиё аст. Умедворам, ки сафари ман на танхо дӯстии Чину Ҳиндустонро таҳким мебахшад, балки дар муносибатҳои байни кишварҳои рушдёбандаи Осиё ва тамоми чаҳон марҳилаи нав хоҳад шуд».

________________

* Кишварҳои Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб, ҷазираҳои Уқёнуси Ором, инчунин кишварҳои рӯ ба тараққии Осиёро шартан Ҷануби Ҷаҳонӣ меноманд.

ДАР АКС: Нарендра Модӣ. Акс: bloomberg.com

Январь 13, 2023 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид