Дилшод Раҳмон: «Таъмини амнияти экологии инсоният тӯли бист соли охир дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мубрамияти хос доштани масъалаи ҳифзи муҳити зисти солим дар ҷаҳони муосир ҳамчун заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи башарият воқеияти бебаҳс аст. Дар ин миён яке аз масоили ҳалталаб пешгирии обшавии пиряхҳост, ки захираи бунёдии оби ошомидании тоза арзёбӣ мешавад. Чунин ибрози назар намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод РАҲМОН дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.
Маҳз дарки ҳамин воқеияти табиии сайёра аст, ки масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини аманияти экологии инсоният зарфи бист соли охир дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Пайки сурурбахшу рӯҳафзо, шодиёнаи истиқболи ҷомеаи ҷаҳон аз ташаббусҳои хирадбунёду ояндасози сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, абармарди дунёи сиёсат, набзшиноси замон, пешоҳанги ҳалли масоили марбут ба обу таъмини рушди устувори кишварҳои ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳои сайёра ҷомеаи мадании Ватани маҳбубу соҳибистиқлолро хушнуду масрур сохта, ҳамчунин ба масъулияти бештари омӯзишу таҳқиқ ва коркарди механизми самараноки татбиқи иқдомҳои пешбинишуда водор менамояд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мубрамияти масоили баррасишаванда мебошанд.
Дар натиҷаи мушоҳидаҳои иқлимшиносони тоҷик маълум шуда, ки шурӯъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои мамлакат тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар ҷумҳурӣ, чӣ дар водиҳо дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва чӣ дар кӯҳҳо дар баландии аз 2500 метр боло рафтааст, ки ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда мерасонад.
Ба арзёбии коршиносон, сабаби гармшавии ҳаво дар Тоҷикистон ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим рабт дошта, болоравии ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар охири асри 21 дар Осиёи Марказӣ метавонад аз 3,7 то 5,6 дараҷа Селсияро ташкил бидиҳад. Ҳамзамон афзоиши ҳарорат дар зимистон аз 3,0 то 5,8 дараҷа, тобистон аз 3,5 то 5,5 дараҷа Селсияро ташкил хоҳад дод.
Олимон тағйирёбии босуръати иқлимро ҳалқаи сарбастае медонанд, ки худи инсонҳо бо роҳи рушди саноатсозӣ, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи нафт, газ ва ангишт ба он таъсир мерасонанд.
Мувофиқи таҳлилҳои соҳавӣ, дар атмосфераи замин гази карбон ва газҳои гулхонаӣ аз меъёр зиёд шуда истодаанд. Ин ҳолат таъсири нигоҳ доштани гармиро ба вуҷуд меорад ва имкон намедиҳад, ки ба атмосфера равад – Замин гарм мешавад ва сабаби обшавии пиряхҳо ва дигар пайомадҳои манфӣ мегардад, ки бар асари онҳо одамон дар тамоми сайёра ранҷ мекашанд. Бештар ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди хушксолӣ, сел, обхезӣ ва монанди ин ба вуқӯъ мепайванданд.
Ба пешгӯии мутахассисон, агар раванди кунунии таназзули пиряхҳо 30-40 соли оянда идома кунад, бисёре аз пиряхҳои хурди Тоҷикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба низоми обии баъзе дарёҳои Тоҷикистон, монанди Зарафшон Кофарниҳон, Қаратоғ, Оби хинг таъсир мерасонад.
Баъзе коршиносони тоҷик роҳи ҳифзи захираҳои оби мамлакатро, ки дар пайи обшавии пиряхҳо коҳиш меёбанд, бунёди обанборҳои миёна ва хурд ва афзоиши ҷангалҳо дар навоҳии кӯҳӣ медонанд.
Пешвои миллат бо ибтикороти ҷаҳонии хеш тавонистанд, ки миллату халқияти гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилоти сайёра, ки дар мисоли пиряхҳои Тоҷикистон зикр кардем, муттаҳид намуда, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи соҳибтамаддуни тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоянд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи сиёсати экологӣ дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатию соҳавиеро, монанди «Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030» қабул намуд. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил мебошад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ амалӣ менамояд. Сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз як тараф, баҳри ба эътидол овардани вазъияти экологӣ дар сатҳи миллӣ равона шуда бошад, аз ҷониби дигар, роҳи манфиатноки зина ба зина ворид шудан ба равандҳои глобалиро нишон медиҳад, зеро ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим аз мавзӯъҳои меҳварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва пуштибони тарҳи рушди устувори кишварҳои ҷаҳон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021, аз ҷумла зикр карданд, ки «тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбанд, аз байн рафтаанд».
Ин таъкид, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад, борҳо аз ҷониби Пешвои миллат аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ садо додааст. Ҳамчунин бо истидлолу таҳлили амиқ манзур шуда, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Биноан, Пешвои эътирофшудаи асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳия ва татбиқи ҳарчи зудтари чораҳои зурурии муштарак ҷиҳати ҳалли масоили экологӣ даъват намудаанд.
Аз ҷумла, 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Зимнан, қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.
Хушбахтона, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабр зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои манзуршудаи Пешвои муаззами миллат бобати (1) эълон шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (2) Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (3) таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ; (4) соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Ҳайати чандҳазораи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф, тарбияи кадрҳои ихтисосманди миллӣ, ташвиқу тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаву чашмрас доранд, баҳри татбиқи иқдомҳои мазкур, сафарбарсозии олимону муҳаққикон ба омӯзишу пажӯҳиши масоили марбут ба обу иқлим ва обшавии пиряхҳо корҳои судмандеро роҳандозӣ намудааст.
Дар Донишгоҳ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён, олимону муҳаққиқон, аз ҷумла коршиносон аз муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахти ҷумҳурӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллати тоҷик – кафолати таъмини рушди устувори кишварҳои ҷаҳон» ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон» Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар он олимону муҳаққиқон оид ба сабабу омилҳо, заминаву асосҳо, марҳилаҳои пешбарии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо назару таҳлилҳои судмандро манзури аҳли нишаст намуданд, ки барои огоҳии бештар, саҳмгузории назаррас, ангезаи бештари ҳамагон баҳри ҳиссагузорӣ дар таъмини муҳити зисти солим, рушди устувори ҷумҳуриамон судманд арзёбӣ мешаванд.
Ҳамзамон қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли равон зимни сафари кории ректори Донишгоҳ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҳошияи фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкур барои дурнамои рушди фаъолияти мо бо дарназардошти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 саривақтиву судманд арзёбӣ шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши обу иқлим, масоили марбут ба обшавию тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо, ташкили конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии назариявию амалӣ оид ба обу иқлим мусоидат менамояд.
Мутмаинем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат нуфузу эътибори ҷумҳурии мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ рушди устувору «иқтисоди сабз» ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.
Дилшод РАҲМОН,
Ректори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»