Федератсияи байналмилалии гӯштингирии Тоҷикистон дар Русия, Эрон ва Ҳиндустон намояндагиҳояшро ифтитоҳ намуд

Январь 28, 2023 11:02

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагиҳои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон фаъолият доранд. Инчунин Федератсия нақша дорад, ки марҳила ба марҳила намояндагии худро дар дигар давлатҳо таъсис диҳад, ки ин метавонад ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва муаррифии гӯштини миллии тоҷикӣ замина гузорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.

«Таъсиси намояндагии Федератсия имкон медиҳад, ки ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байналмилалии варзишӣ гӯштини миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем», — иброз намуданд дар Федератсияи мазкур.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, гӯштингирӣ аз зӯрозмоии ду ҳариф барои ғолиб гардидан иборат буда, яке аз намудҳои варзиши дӯстдошта ва қадимии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар китобҳои қадимӣ ва классикӣ шарҳи гӯштини тоҷик бисёр омадааст. Аз ҷумла, устод Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома» аз паҳлавонӣ ва қаҳрамониҳои Рустам, Исфандиёр, Эраҷ, Барзӯ, Сиёвуш, Гарсеваз ва дигарон мисолҳои бисёр оварда, ҳатто як боби асарашро ба ёдгирии ин намуди варзиш бахшидааст.

Гӯштингирӣ аз замони пайдоиши худ то имрӯз барои паҳлавонон ва шахсоне, ки ба ин намуди варзиш шавқ доранд, мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далерию тавоноӣ ба ҳисоб рафта, онҳоро тарбия намудааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-қонун» таъсири хуби машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингириро баён дошта, таъкид кардааст, ки «фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору ниёз надорад».

Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.

Тибқи нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, Федератсияи гўштингирии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба гўштингириро бо иштироки 31 давлат баргузор намуд.

Ҳамзамон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 27 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, ки дар он ғолибони ин мусобиқот 5 Шоҳҷоиза- мошинҳои сабукрав ба даст оварданд.

Инчунин тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2022, Федератсия дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  зиёда аз 9 мусобиқаи ҷумҳуриявиро бахшида ба санаҳои таърихӣ ва гиромидошти хотири собиқадорони соҳаи варзиш баргузор намуд.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз насли ҷавони мамлакат талош бар он менамояд, ки ин анъанаи миллиро давом дода, ба ояндагон низ мерос гузорад. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони мо тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, ба ин восита аз ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм дурӣ меҷӯянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2023 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. 22 март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Забӣ меравад
Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бар ҳарифони худ аз Узбекистон ғолиб омаданд
Имрӯз дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз меёбад
«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз фестивал доир карда шуд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибони Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) муайян гардиданд
21 март дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз мегардад
Ширкати «Parimatch» созишномаи сарпарастиро бо дастаи футболи «Хатлон» то охири соли 2025 тамдид намуд
«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивал оғоз гардид
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалии гӯштини миллӣ доир мегардад
Ҷанни Инфантино бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол интихоб гардид
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор мегардад
ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард