ХБА соли 2023 коҳиши нархи нафтро 16% пешбинӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) пешбинӣ намудааст, ки соли равон арзиши як бушка нафт 16,2% коҳиш ёфта, ба 81,13 доллар мерасад. Дар ин хусус дар замимаи нав ба гузориши ХБА дар бораи дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, омадааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Соли 2023 нархи нафт тақрибан 16% коҳиш меёбад, дар ҳоле, ки интизор меравад нархи маводи хоми ғайрисӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 6,3% коҳиш ёбад», — навиштаанд муаллифони гузориш.
«Нархи миёнаи пешбинишуда, ки барои бозорҳои фючерсӣ то 29 ноябри соли 2022 ҳисоб карда шудааст, соли 2023 81,13 доллар ва соли 2024 75,36 долларро ташкил медиҳад», — гуфта шудааст дар ҳуҷҷат.
Ҳамин тариқ, соли оянда нархи нафт 7,1 фоиз арзон мешавад.
Ба гуфтаи ХБА, «бозорҳои ҳомилони неруи барқ нисбат ба интизорӣ зудтар ба таконҳои иқтисодӣ мутобиқ шуданд», ки дар натиҷаи низоъ дар Украина ба вуҷуд омада буд. Бо вуҷуди ин, соли гузашта «афзоиши якбораи нархи неруи барқ ва ғизо дар ҷаҳон буҳрони арзиши зиндагиро ба вуҷуд овард». Тавре дар ХБА иброз доштанд, арзиши аз интизорӣ баланди нафт, газ ва маводи ғизоии дар натиҷаи низоъ дар Украина баамаломада «метавонад таваррумро дубора афзоиш диҳад».
АКС: reuters.com








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






