IRS: Дар роҳи Душанбе — Чаноқ ҳаракати нақлиёт барои мошинҳои боркаш муваққатан манъ гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Айни замон роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба истиснои фура ва мошинҳои боркаши ядакдор таъмин аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, чанде пас маҳдудияти барои фура ва мошинҳои боркаши ядакдори муваққатан ҷоришуда низ аз байн бардошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар километри 67 — уми роҳи Душанбе — Чаноқ тарма фаромада буд, ки 40 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт. Хамчунин дар километри 79- ум низ бо паҳноии 30 ва баландии 4 метр тарма фаромада буд. Аз ҷониби кормандони ширкат доир ба ҳолати мазкур ба таври фаврӣ тадбир андешида шуда, дар муддати кӯтоҳ тармаҳо бартараф гардиданд.
АКС: «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






