Шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.
Субҳи 12 январи соли равон роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода аст. Ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдуд карда шудааст.
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.
Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
АКС аз бойгонӣ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






