Кишоварзони Тоҷикистон соли гузашта бо 1664 адад техникаву таҷҳизот таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз воситаҳои муҳими пешрафт дар соҳаи кишоварзӣ ин таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир мебошад. Соли 2022 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 1664 адад техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба соли 2021, аз ҷумла 155 трактор зиёд аст. Аз ин шумора 775 ададро тракторҳои гуногунтамға ташкил медиҳанд. Дар ин хусус 30 январ дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Таъкид гардид, ки кишту кори муваффақонаи зироати кишоварзӣ аз мавҷуд будани техника ва омодагии хуби он вобастагӣ дошта, ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон 27324 адад трактор мавҷуд мебошад. Аз ин теъдод 1534 ададро тракторҳои шудгоркунанда, 10356 адад испорҳои тракторӣ, 8640 адад ядакҳои тракторӣ ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд, ки 76 фоизи он дар ҳолати омодагӣ ба кор қарор доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» соли 2022 ба 343 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 153 адад трактори гуногунтамға ва 411 адад таҷҳизоти кишоварзӣ бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






