Кишоварзони Тоҷикистон соли гузашта бо 1664 адад техникаву таҷҳизот таъмин гардиданд

Январь 31, 2023 21:12

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз воситаҳои муҳими  пешрафт дар  соҳаи кишоварзӣ  ин таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ   бо техникаву таҷҳизоти  муосир мебошад. Соли 2022 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 1664 адад техникаву таҷҳизоти  кишоварзӣ ворид гардид,  ки дар муқоиса ба соли 2021, аз ҷумла   155  трактор зиёд аст. Аз ин шумора 775 ададро  тракторҳои гуногунтамға ташкил медиҳанд. Дар ин хусус  30 январ  дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Таъкид гардид, ки кишту кори муваффақонаи зироати кишоварзӣ аз мавҷуд будани  техника ва  омодагии хуби он  вобастагӣ дошта,  ба ҳолати 1 январи  соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон  27324  адад  трактор  мавҷуд мебошад. Аз ин теъдод  1534 ададро  тракторҳои шудгоркунанда, 10356 адад испорҳои тракторӣ, 8640 адад  ядакҳои тракторӣ ва дигар таҷҳизоти  кишоварзӣ ташкил медиҳанд, ки  76 фоизи он дар ҳолати омодагӣ ба кор  қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»  соли 2022  ба 343 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 153 адад трактори гуногунтамға ва 411 адад таҷҳизоти  кишоварзӣ бо тариқи иҷораи  молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2023 21:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд