Кумитаи рушди маҳал: «Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 27 ҳазор иншоот сохта ба истифода дода мешавад»

Январь 31, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат 27 600 иншооти дорои таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. То имрӯз 4 ҳазор иншоот бунёд карда шудааст, ки ба 12,9 фоизи нақша баробар аст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шарифҷон Ҷумъазода иброз намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди маҳал барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин доир менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар 10 соли оянда барои ҳар деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёди як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ ба роҳ монда истодааст.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар робита ба супориши Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли равон ҷиҳати таҳлил ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи ҳолати воқеии истифодаи иншооти дар шаҳру ноҳияҳо бунёдшуда Шарифҷон Ҷумъазода зикр намуд, ки дар ин замина аллакай тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Январь 31, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд