Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 23.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои хонандагони болаёқат ба фаъолият оғоз менамояд. Бо ин мақсад гурӯҳи кории санҷишӣ вобаста ба иқтидори илмии кафедраҳо таъсис шуда, ҳамзамон танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ ба роҳ монда шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ.
Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аз устодону омӯзгорон ва масъулин даъват ба амал овард, ки ҳангоми адои вазифа дар литсейи нав тамоми дониши худро истифода намуда, барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон ва рушди соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки пешрафти миллату давлат мебошад, камар банданд.
Ҳамзамон ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






