Мошинҳои боркаши Тоҷикистон пас аз се соли хуруҷи пандемия вориди Чин шуданд

Январь 31, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мошинҳои боркаши Тоҷикистон пас аз се соли хуруҷи пандемия вориди Чин шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши ватанӣ вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2020 инҷониб мошинҳои боркаши Тоҷикистон бинобар хуруҷи пандемияи коронавирус иҷозати ворид шудан ба ҳудуди давлати ҳамсояро надоштанд ва бор бо нақлиёти боркаши Чин то сарҳад оварда шуда, аз он ҷо ба мошинҳои боркаши ватанӣ ба Тоҷикистон интиқол мегардид, ки барои ин вақту маблағи  бештар сарф мешуд.

Тавре қаблан хабар додем, аз 8 январи соли равон Чин маҳдудияти асосии вурудро, ки дар чаҳорчӯби мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буд, бекор кард.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мисли пештара қабл аз сафар ба Чин бояд тибқи талабот раводид гиранд ва инчунин метавонанд дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бораи иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шиносномаи худ мӯҳр гузоранд.

Аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳоло ҳам санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта мешавад, аз ҷониби мақомоти Чин талаб мегардад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба ин давлат ба карантин фаро гирифта намешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 31, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид