«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022». Мураббияи ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода ғолиби озмун дониста шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва мукофотпулӣ ба миқдори 5 000 сомонӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиткистон Наврӯзи Ҷумъамурод хабар дод.
Ҳамзамон довталабони озмун барои иштироки фаъолона бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», сертификат ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маросими ҷамъбастии озмун Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур 23 январ дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, он 3 рӯз идома ёфт. Дар озмун мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода, муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадодиева, муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон Муҳаррам Набизода, муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Малика Саидова ва муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарипова миёни ҳам маҳорат санҷиданд.
Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ сурат гирифт.
Озмуни мазкур дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон», ки он 28 феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад






