Низоми пардохтии «Золотая Корона» дар Тоҷикистон дубора фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 10 январ ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии ҶДММ «Платёжный Центр» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Золотая Корона» ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти БМТ хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ба иттилои Бонки миллӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 12 системаи пардохтӣ, аз ҷумла Unistream, Contact, Western Union амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки низоми пардохтии «Золотая корона» дар ҳудуди Тоҷикистон то соли 2020 амал мекард.
АКС: «Бизнеспрессньюс»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






