ҶОМИ ФФТ-2023: бозиҳои даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд

Январь 28, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар гурӯҳи «А» «Равшан» ба дарвозаи «Куктош» се голи беҷавоб зад. Аз ҳайати дастаи шаҳри Кӯлоб Тоҳир Малодӯстов дубл карда, як голи дигарро Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ба самар расонд.

Дар вохӯрии дигар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Абдухалил Боронов ва Шуҳрат Элмуродов ду голӣ, Амин Эргашев ва Нуриддин Ҳамроқулов як голӣ ба самар расониданд.

Дар гурӯҳи «Б» КМВА-и пойтахт аз «Барқчӣ»-и Ҳисор қавитар баромад – 4:2. Дар бозии дигар голи Анӯшервони Наврӯз ғалабаи дастаи «Душанбе»-ро бар «Шодмон»-и Ҳисор таъмин кард – 1:0.

Бозиҳои даври дувуми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе рӯзҳои 29 ва 30 январ баргузор мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсия роҳхат мегиранд.

Фонди ҷоизавии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб ба ғайр аз ҷоиза 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Ба ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Ҷоми ФФТ-2023 

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе 

Гурӯҳи «А». Даври 1

«Равшан» – «Куктош» – 3:0

Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 15 (1:0). Тоҳир Малодӯстов, 65 (2:0). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 69 (3:0).

Аз майдон хориҷ карда шуд: Сулаймон Собиров («Куктош»), 51 – барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Тоҳир Малодӯстов («Равшан»).

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол-2» – 6:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 18 (1:0), Абдухалил Боронов, 22 (2:0), Абдухалил Боронов, 26 (3:0), Амин Эргашев, 80 (4:0), Шуҳрат Элмуродов, 86 (5:0), Шуҳрат Элмуродов, 88 (6:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»).

Гурӯҳи «В». Даври 1

КМВА – «Барқчӣ» – 4:2

Голҳо: Асадбек Ҷӯрабекзода, 13 (1:0). Бахтиёр Чориев, 36 (2:0). Ҷовидон Хушвахтов, 45 (2:1). Баракатулло Нигматуллозода, 60 – ба дарвозаи худ (3:1). Фарҳод Амирӣ, 64 (3:2). Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 79 (4:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Хуршед-Тимур Ҷӯраев (КМВА).

«Шодмон» – «Душанбе» – 0:1

Гол: Анӯшервон Наврӯзов, 2.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шамсиддин Қосимов («Душанбе»).

Акс: ФФТ

Январь 28, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид