«Паёми Пешвои миллат фарогири як консепсия, як стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатист»,- бардошт аз тавзеҳи он дар ноҳияи Фирдавсӣ

Январь 5, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва сокинони ноҳияи  Фирдавсӣ  шарҳ дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Қурбонзода ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гулчеҳра Ғанизода перомуни муҳимияту мубрамияти мавзӯъ ибрози андеша карданд.

Маҳмадалӣ Қурбонзода таъкид намуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва дурнамосози давлатӣ, аз қабили як  консепсия, як стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст. Вобаста ба ин ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур дода шуд, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғло омода ва амалӣ намояд.

Ҳамчунин дар ин замина оид ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ бобати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ» дастур дода шуд.

Ҳамзамон раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо интихобкунандагони худ -колективи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Январь 5, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад