Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд.
Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҳамкорӣ барои рушд ва инкишофи навъҳои варзиши обӣ дар мамлакат ба меҳмонон изҳори сипос намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






