САЙРИ ҶАҲОНИИ ДЗЮДО. Ҳафт варзишгари тоҷик дар «Grand Prix Portugal» ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сайри дзюдои ҷаҳонӣ аз мусобиқоти «Grand Prix Portugal», ки 27-29 январ дар шаҳри Алмада баргузор мегардад, оғоз мегардад, ки дар он Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрузи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.
Дар ин мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистонро мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ оид ба дзюдо Тамура Тори роҳнамоӣ хоҳад кард.
Мутаассифона, ду узви дастаи мунтахаби миллии дзюдои кишвар Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд.
Бояд таъкид кард, ки дастаи мунтахаби миллии дзюдои Тоҷикистон аз 9 то 16 январ дар аввалин тамрин ва ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов омодагӣ диданд.
Ҳамзамон бо оғози сайри нави дзюдои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ варзишгарон баҳри касби имтиёзҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 талош хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






