Сенатори Россия нуқтаҳоеро номбар намуд, ки ҷанги давлатҳои ҷаҳон метавонад аз онҳо оғоз гардад

Январь 3, 2023 12:28

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Украина, Тайван ва нимҷазираи Корея — се маконе мебошанд, ки рушди ҳодисот метавонад муноқишаи низомиро бо иштироки кишварҳои пешсаф барангезад. Чунин меҳисобад сенатори рус Алексей Пушков (ДАР АКС), хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik-и Россия.

«Ба далели сиёсатҳои ИМА ва кишварҳои дигари НАТО, Украина эҳтимолан нуқтаи ин навъи даргириҳо боқӣ мемонад. Сурия, ки минтақаи хатари муноқиша байни Россия ва ИМА низ буд, дигар дар ин рӯйхат ҷой надорад, зеро ИМА ва муттаҳидонаш маҷбур шуданд, ки он ҷо ақибнишинӣ кунанд», — навиштааст ӯ дар Telegram — канал.

Пушков бар он аст, ки ба далели бархӯрд миёни Юнон ва Туркия ё бар асари низои ҳудудии Ҳиндустон ва Чин, «ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар соли 2023 оғоз нахоҳад шуд».

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2023 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд