Шумораи қурбониён бар асари садама дар ҷанубу ғарби Покистон ба 44 нафар расид

Январь 30, 2023 13:44

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи садамаи автобуси мусофирбар дар вилояти Балуҷистони Покистон на кам аз 44 нафар ҳалок, чаҳор нафари дигар захмӣ шуда, бархе сӯхтаанд. Дар ин хусус рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии Geo-TV бо истинод ба полис иттилоъ додааст хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Мувофиқи гуфтаи манбаъ, ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе дар ноҳияи Бела (ноҳияи Ласбела), воқеъ дар ҷанубу шарқи ин вилоят рух дод, ки автобуси мусофирбар ба такягоҳи пул бархӯрда, ба ҷарӣ чаппа шуд ва оташ гирифт. Полис сабаби рух додани садамаро баланд кардани суръати мошин донистааст, ки дар натиҷа ронанда идораи мошинро аз даст додааст. Гуфта мешавад, ки дар автобус на кам аз 48 нафар будаанд.

Дар айни замон амалиёти наҷот ба анҷом расидааст. 44 нафар ба ҳалокат расида, чаҳор нафари захмбардошта ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2023 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд