«СОЛИ 2023-СОЛИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ». 25 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад

Январь 25, 2023 10:29

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат бо ҳузури кормандон ва собиқадорони соҳа ҳамоиш  ва  дигар чорабиниҳои  идона доир карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2023 “Соли ҳифзи меҳнат” эълон карда шудааст. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабр зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  мамлакат супориш доданд, ки  «Дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Анҷоми босифат ва саривақтии ин  супориши Пешвои миллат  аз кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъулияти дучанд, касбияти воло ва садоқати бепоёро нисбат ба ин сарзамин ва мардумонаш тақозо менамояд.

Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш дода буданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».

28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконоти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.

Таъкид менамоем, ки амалишавии ин Барнома низ бар зиммаи  кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст, ки аз онҳо нишон додани касбияти баландро тақозо менамояд.

Р.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии мамлакатро  бо иди касбияшон муборакбод гуфта, дар анҷоми рисолати басо муҳимму масъулиятнок барояшон комёбиҳои беназирро таманно менамояд. Иди касби муборак, кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

 

Январь 25, 2023 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид
Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд
ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид