Сомонаҳои хориҷӣ дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистонро инъикос мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 адад мусаввараҳое, ки дар онҳо манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, дар портали Осорхонаи маҷозии Россия ба намоиш гузошта шуданд. Мусаввараҳо аз 7 рассоми машҳури Тоҷикистон ба монанди М. Абдураҳмонов, З. Ҳабибуллоев, Д. Илябаев, А. Пономарев, А. Ҳайдаров, И. Лисиков ва Н. Никитин Н. мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Россия аввалин бор 13 адад мусаввараи ҷониби Тоҷикистон дар ин портал ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин дар намоиши мазкур шакли электронии асарҳои «Модар», «Портрети комсомол», «Фотеҳон», «Сохтмончиёни Норак», «Декрети замин», «Пионерҳои ҷавон», «Пахтакорон», «Дуои Модар», «Портрети Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон М. Маҳмудова», «Чорабинии варзишӣ дар рӯзи эълон карда шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 марти соли 1925» ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Фариддун Кенҷаев иброз намуд, ки яке аз дастоварди дигари мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин кашфи маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ мебошад, ки дар бораи он нашрияи электронии илмии Ҷумҳурии Фаронса мавод таҳти унвони «Нашриёти Бомиён» бо забони олмонӣ ба нашр расонидааст, ки хонанда бо ворид шудан ба ин саҳифа https://we.tl/t-pFc4FQBWKW имкон пайдо мекунад, ки шакли пурраи онро мутолиа намояд.
Дар Фаронса бо забони олмонӣ интишор гардидани маводи илмӣ оид ба ин бозёфт имкон медиҳад, то аҳли илм ва муҳаққиқони қитъаи Аврупо ва дар умум ҷаҳони ғарб аз саҳифаҳои то ба ҳол таҳқиқнашудаи ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гарданд.
Бозёфти мазкур маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ буда, дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад. Ёдгории мазкур аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ кашф ва ба қайд гирифта шудааст.
Ин кашфиёт дастоварди нодири илми бостоншиносии миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияти муҳими таърихию фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон дорад.
Мавриди зикр аст, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостонӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ буда, аз ҷузъҳои бостонӣ — тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ — қалъа ва манора; эпиграфӣ — хатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ: ҳинду ориёӣ, юнонӣ ва арабӣ, инчунин мардумшиносӣ — қабрҳои давраи аввали исломӣ иборат мебошад.
Фирўза Давлатзода,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






