ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, якшанбе, 22-юмин рӯзи соли 2023 аст

Январь 22, 2023 08:00

22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания, ки таҳти сарварии узви Кумита оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доштанд, масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд.

22 ЯНВАР

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

 РӮЙДОДҲО:

22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид.

***

22 январи соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуд.

***

9 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардид.

***

 Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Январь 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш