ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, сешанбе, 3-юмин рӯзи соли 2023 аст
3 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 фармон ба имзо расониданд.
***
11 сол пеш, 3 январи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиш дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол карда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба имзо расид.
3 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.
РӮЙДОДҲО:
27 сол пеш, 3 январи соли 1995 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ хабар дод, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО дар ҷаҳон аз як миллион нафар гузаштааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 миёни Қазоқистон ва Чин муносиботи дипломатӣ барқрор карда шуданд.
***
3 январи соли 2006 дар Озарбойҷон пули нав ба муомилот бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2019 маҷаллаи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба сайёҳон барои боздид дар соли 2019 тавсия медиҳад.
***
Соли 1989 рӯзномаи «Известия» (Россия) аввалин маротиба рекламаи тиҷоратӣ нашр намуд.