ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, панҷшанбе, 106-умин рӯзи соли 2026 аст
16 апрели соли 2020 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
16 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
***
16 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
16 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ» фармон ба имзо расониданд.
16 АПРЕЛ:
Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.
***
Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.
РӮЙДОДҲО:
16 апрели соли 2021 дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Узбекистон доир шуд.
***
16 апрели соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» таъсис дода шуданд.
***
16 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид.
***
16 апрели соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-миллионаи мамлакат таваллуд шуд.
***
16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи шаҳр кушода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул намуд.
***
16 апрели соли 2016 ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардид.
***
Соли 1905 дар Русия аввалин иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи матбуоти даврӣ таъсис дода шуданд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, чоршанбе, 105-умин рӯзи соли 2026 аст






