НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар масири таърихи навини давлатдории тоҷикон, шаҳри Душанбе на танҳо ҳамчун меҳвари низоми сиёсӣ ва маркази тасмимгириҳои стратегӣ, балки маркази ваҳдати миллӣ ва зуҳури азамати миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Пойтахти давлати навини тоҷикон имрӯз ба минбари баланди тамаддуне табдил ёфтааст, ки дар он асолати таърихӣ бо назокати муосир омезиш ёфта, симои нави Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба оламиён муаррифӣ менамояд.
Пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо дар натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарият ва сокинони шаҳр ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, ки тақозои идомаи ислоҳоту навсозӣ, инчунин татбиқи нигоҳи муосир ва такмили равишҳои мудирияти самараноку ҷасуронаро фаро мегирад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли нави роҳбарият ба идораи пойтахт ҷалб гардид. Таъин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе, идомаи мантиқии ин раванд буда, барои таъмини рушди босуръат ва расидан ба як навъ «ҷаҳиш ва таҳаввулоти сифатӣ» дар рушди пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.
Ин марҳилаи рушд бо таъмини волоияти қонун, тақвияти шаффофият дар идоракунӣ ва садоқат ба ормонҳои миллӣ тавъам гардида, ба мазмуну муҳтавои фаъолияти шаҳрдорӣ ранги нав бахшид. Дар ин замина, рушди Душанбе дар ин солҳо на танҳо дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, балки дар ташаккули симои нави маънавии идоракунии шаҳр низ таҷассум ёфт. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи насли нави идоракунии давлатӣ, бо дарки амиқи равандҳои муосири сиёсиву иқтисодӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа татбиқи самараноки ғояҳо ва стратегияҳои Сарвари давлатро дар сатҳи пойтахт таъмин намуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки услуби роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар низоми шаҳрдории муосир бо таваҷҷуҳи хос ба принсипҳои «суръат ва сифат» тавсиф мегардад. Равиши идоракунии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба усулҳои муосир тадриҷан унсурҳои қолабиро коҳиш дода, бештар ба натиҷаи ниҳоӣ равона гардидааст. Дар илми мудирият чунин равишро одатан «менеҷменти натиҷамеҳвар» меноманд.
Дар ин замина, татбиқи самараноки чунин равиш имкон фароҳам овард, ки як қатор лоиҳаҳои муҳими сохтмонӣ дар муҳлатҳои нисбатан кутоҳ ва бо сатҳи баланди сифат амалӣ гарданд. Ин раванд ба таҳкими эътимоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти иҷроия мусоидат намуда, ҳамзамон ба ташаккули фарҳанги волои масъулиятшиносӣ миёни хизматчиёни давлатӣ замина гузошт.
Нақши муҳтарам Рустами Эмомалӣ пеш аз ҳама дар табдили сифатии муҳити шаҳр ва боло бурдани мақоми пойтахт дар арсаи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Душанбе аз як маркази маъмурии анъанавӣ ба фазои муосири таҳавули шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии дорои инфрасохтори пешрафта, меъёрҳои баланди хизматрасонӣ ва симои меъмории ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин раванд моҳияти ниҳодӣ дошта, ба ташаккули муҳити устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат намуд.
Дар баробари ин, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими ин раванд арзёбӣ мегардад. Қабули қарорҳои стратегӣ ва ташаббусҳои меъёрӣ дар доираи фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки идоракунии шаҳр бо такя ба принсипҳои қонуният, шаффофият ва масъулиятнокӣ боз ҳам такмил ёбад.
Ин иқдомҳои созанда дар маҷмуъ ба таҳкими нуфузи низоми қонунгузорӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва таъмини тавозуни манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат намуданд.
Ҳамзамон густариши робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили платформаҳои муколамаи дипломатӣ дар пойтахт ба тақвияти мавқеи шаҳри Душанбе ҳамчун яке аз марказҳои фаъоли ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуд. Қабул ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, форумҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, дар маҷмуъ, на танҳо ба баланд гардидани обрӯи сиёсии кишвар замина гузошт, балки мавқеи пойтахтро ҳамчун майдони эътимоди муколамаи тамаддунҳо боз ҳам таҳким бахшид.
Зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе аз доираи як маркази маъмурии дохилӣ баромада, ба як субъект ва бренди фаъоли сиёсати байналмилалӣ табдил ёфт. Дар илми муносибатҳои байналмилалӣ ин падидаро «Дипломатияи шаҳрӣ» меноманд, ки ҳадафаш таҳкими нуфузи давлат тавассути пойтахти он мебошад.
Интихоб гардидани Душанбе ҳамчун «Пойтахти сайёҳии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва узвияти фаъоли он дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ яке аз дастовардҳои калидӣ дар ин самт, мебошад. Ин натиҷа танҳо як унвони рамзӣ набуда, балки натиҷаи ислоҳоти куллӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, бехатарӣ ва зерсохтори сайёҳӣ аст. Пешрафти босуръати Душанбе ҳамчун «Шаҳри сулҳ ва эътимод» имкон дод, ки пойтахти мо мизбони ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла нишастҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ, САҲА, СААД ва форуму конфронсҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ гардад.
Ташаббусҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти бародаршаҳрӣ бо марказҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Осиё, Аврупо ва кишварҳои араб замина гузошт, ки Душанбе ҳамчун як пули тамаддунҳо ва маркази дипломатияи нави минтақавӣ шинохта шавад. Ин стратегия мустақиман ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳаи меҳмоннавозӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Такмил ва татбиқи Нақшаи генералии рушди Душанбе ҳамчун санади бунёдии шаҳрсозӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати идоракунии пойтахт ба шумор рафта, гузариш аз консепсияҳои назариявӣ ба амалигардонии воқеии лоиҳаҳои инфрасохториро таъмин намуд. Дар доираи татбиқи ин нақша, равандҳои шаҳрсозӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд.
Аз ҷиҳати мазмун Нақшаи генералии шаҳр ба рушди мутавозини тамоми бахшҳои ҳаёти шаҳр равона гардида, аз ҷумла, сохтмони манзилҳои муосир, тавсеаи шабакаҳои муҳандисӣ (обтаъминкунӣ, барқ, гармидиҳӣ), беҳтарсозии роҳу пулҳо ва ташкили фазои сабзи шаҳриро дар бар мегирад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти экологӣ ва устувории иқтисодии пойтахт мусоидат намуданд. Нақши роҳбарияти шаҳр дар таъмини ҳамоҳангии самараноки байни ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷараён ниҳоят бузург аст.
Дар раванди татбиқи сиёсати шаҳрсозии муосир дар Душанбе, бахши коммуникатсия ва инфрасохтори нақлиётӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфта, боиси шаклгирии як навъ «инқилоби коммуникатсионӣ» гардид. Ин раванд, пеш аз ҳама, бо сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, бунёди эстакадаҳои бисёрсатҳа ва муосирсозии шабакаҳои нақлиётӣ тавъам мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои калони роҳсозӣ бо истифода аз стандартҳои муҳандисии байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки сифати роҳҳо ба марҳилаи сифатан нав бардошта шаванд. Бунёди якчанд эстакадаҳо ва гузаргоҳҳои бисёрсатҳа (масалан, дар маҳаллаи 82) ба коҳиш додани тамбашавии ҳаракати нақлиёт ва сарбории нақлиётӣ мусоидат намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро бехатар гардониданд. Пулҳо ва гузаргоҳҳо ҳамчун шараёни ҳаётии шаҳр на танҳо ҳаракати устувори нақлиётро таъмин мекунанд, балки ба таҳкими якпорчагии фазоии пойтахт саҳми назаррас мегузоранд.
Дар тафаккури роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, масъалаи экология ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун ҷузъи калидии рушди устувор пазируфта шуда, дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим, табдил додани Душанбе ба «Шаҳри сабз» яке аз ҳадафҳои стратегии Раиси шаҳр мебошад.
Дар давраи кутоҳ дар пойтахт беш аз 15 боғи фарҳангиву фароғатӣ, бунёду навсозӣ карда шуда, тадбирҳои сабзкорию шинонидани дарахтони нодир ва ороишӣ иқлими шаҳрро муътадил гардонда, ба тозагии муҳити зист замина гузошт.
Махсусан ташаббуси ҷорӣ намудани нақлиёти барқӣ (электробусҳо) ва бунёди инфрасохтори зарурӣ барои онҳо нишони дурбинӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба «иқтисоди сабз» мебошад. Ин иқдом Душанберо дар қатори шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор медиҳад, ки барои коҳиши партовҳои зарарнок ба атмосфера талош менамоянд. Дар баробари ин, татбиқи сиёсати рушди устувор дар соҳаи шаҳрсозӣ низ идома ёфта, дар ҳамоҳангсозии сохтмони биноҳои баландошёна бо ҳифзи муҳити зист ва фазои сабз ифода меёбад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ шаклгирии тафаккури инноватсионӣ дар рушди Душанбе ба унсури калидӣ табдил ёфтааст. Ин равиш ба татбиқи технологияҳои пешрафта ва идоракунии рақамӣ нигаронида шудааст. Рақамисозии идоракунии шаҳрӣ ва густариши хизматрасониҳои электронӣ ба шаффофияти равандҳо мусоидат намуда, муносибатҳои «давлат-шаҳрванд»-ро ба шакли интерактивӣ табдил дод.
Ҷорӣ намудани лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (smart city), аз ҷумла идоракунии интеллектуалии нақлиёт, назорати рақамии инфрасохтор ва истифодаи технологияҳои сарфакоронаи энергия, самаранокии умумии шаҳрро боло бурд. Рушди сармояи инсонӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ин тафаккур арзёбӣ гардида, имконият фароҳам овард, ки насли нав ба талаботи бозори меҳнати рақамӣ мутобиқ гардад.
Татбиқи принсипҳои мудирияти интеллектуалӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати муосири шаҳрӣ табдил ёфта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати зиндагии сокинон мебошад. Дар бахши маориф, эъмори мактабҳои типи нав, ки бо технологияҳои рақамӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ба як навъ инқилоби таълимӣ асос гузошта, муҳити инноватсиониеро фароҳам овардааст, ки дар он донишомӯз аз гирандаи маълумоту иттилоот ба иштирокчии фаъоли раванди таҳқиқотӣ табдил меёбад. Ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ истифодаи низомҳои сабти электронии тиббӣ ва татбиқи технологияҳои муосири ташхис ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳа мусоидат намудааст. Дар баробари ин, дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ҷорӣ намудани пойгоҳҳои ягонаи иттилоотӣ барои таъмини тақсими одилонаи кумакҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани шаффофияти идоракунӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Бо ҳамин тартиб, ҳамгироии технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ба ташаккули низоми самаранок, шаффоф ва инсонмеҳвари идоракунӣ мусоидат менамояд.
Сиёсати ҷавонон ва варзиш таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба як самти стратегии рушди ҷомеа табдил ёфт. Инфрасохтори варзишӣ ба таври фарогир рушд ёфта, аз майдончаҳои маҳаллӣ то маҷмааҳои бузурги олимпӣ сохта шуданд. Футбол ҳамчун «бозии рақами як» дар пойтахт шукуфоии беназир дорад. Ташаккули клубҳои муосири футбол ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон имкон медиҳад, ки намояндагони пойтахт дар арсаҳои ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои назаррас баромад намоянд.
Дар марҳилаи нави рушд, эҳёи саноат ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ афзалияти аввалиндараҷа гардид. Навсозии технологӣ дар корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ба баланд шудани сатҳи худкифоии иқтисодии пойтахт мусоидат намуд. Соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ тавассути соддагардонии муҳити танзимӣ ва дастгирии давлатӣ рушд ёфт, ки ин ба таъсиси ҳазорон ҷойҳои нави корӣ оварда расонд.
Симои маъмурии Душанбе рамзи нуфузи сиёсӣ ва устувории давлатдорӣ мебошад. Бинои нави Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шоҳасари меъмории муосир, рамзи ҳамбастагии арзишҳои таърихӣ ва низоми давлатдории навин аст. Ҳамзамон, рамзи «Истиқлол» бо баландии 121 метр, таърихи чандҳазорсолаи миллатро дар худ инъикос намуда, Душанберо ҳамчун маркази бузурги фарҳангӣ ба оламиён муаррифӣ мекунад.
Бо ҷамъбасти таҳлили дастовардҳо метавон хулоса кард, ки нақш ва фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи навини давлатдории мо танҳо як намунаи муваффақи идоракунии шаҳрӣ маҳдуд намегардад, балки ҳамчун ифодаи равиши нави созандагӣ ва таҷассумгари иродаи қавии насли ҷавони роҳбарият арзёбӣ мегардад. Таҷрибаи идоракунии пойтахт нишон медиҳад, ки рушди устувори шаҳр на танҳо ба фаъолияти ҷудогонаи мансабдорон, балки пеш аз ҳама ба ташаккули дастаи ҳамфикру маърифатноки идоракунӣ вобаста аст, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ фаъолият менамояд.
Маҳз чунин ҳамоҳангии касбият, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи навоварона имкон фароҳам меорад, ки ҷасорати идоракунӣ ба натиҷаҳои мушаххас табдил ёфта, дастовардҳои назаррас дар рушди меъморӣ ва иҷтимоӣ ба воқеияти устувор мубаддал гарданд.
Имрӯз Душанбе на танҳо маркази сиёсии Тоҷикистон, балки «Хиттаи маънавии миллат» ва намоди давлатдории тамаддуни муосири тоҷикон аст. Шаҳре, ки дар он набзи технологияҳои рақамӣ бо садои таърихи куҳанбунёд ҳамоҳанг аст ва ҳар як хишти биноҳои боҳашаматаш аз фардои дурахшони ин сарзамин мужда медиҳад. Ин ҷо мудирияти оқилона тавонист тавозуни нозукеро миёни ҷаҳонишавии босуръат ва асолати миллӣ барқарор намояд, ки ин дар худ як мактаби нодири шаҳрдорист.
Ҷашни имрӯзаи пойтахт, ки мо онро бо ифтихори зиёд таҷлил мекунем, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нигоҳи стратегии Раиси шаҳр мебошад. Дастовардҳои беназири заминаи муҳташамеро фароҳам оварданд, ки кишвари моро ба коиноти пешрафт ва эътибори ҷаҳонӣ ҳидоят мекунад. Мо шоҳиди тавлиди «Душанбеи ормонҳо» ҳастем, шаҳре, ки барои сокинонаш саодат, барои сайёҳон ҳайрат ва барои ояндагон мероси арзишманд эҳдо менамояд.
Зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, пойтахти мо ба нигини дурахшоне мубаддал гашт, ки нури он роҳи Тоҷикистонро ба сӯи тамаддуни бузурги асри XXI равшан месозад.
Рӯзи пойтахт барои ҳар як сокини он ҷашни иродаи созандагӣ ва пайки эҳёи дубораи азамати миллати тоҷик дар харитаи тамаддуни башарият мебошад.
Сиёвуш НАБОТЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми ҳуқуқ








ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?






