ТАВАҶҶУҲ! КҲФ ва МГ сокинони Тоҷикистонро дар рӯзҳои сард ба эҳтиёткорӣ даъват намуд

Январь 10, 2023 08:48

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 январ то 14 январи соли равон бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард бидуни зарурати таъҷилӣ аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намуда, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

«Волидайн бачаҳоро беназарат нагузоранд. Фасли сармо, ки боиси сирояти ҳар гуна бемориҳо мебошад, шаҳрвандон нисбат ба саломатии худ ва наздикон набояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намоянд», — омадааст дар иттилоияи кумита.

Хотиррасон менамоем, ки 11-14 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ дамои ҳаво шабона 8-13 то 14-19 сард ва рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво аз 11-1 ё 6 то 19-24 дараҷа паст шуда, дамои рӯзона аз 5-10 то 12-17 дараҷа хоҳад буд.

10 январ ва шаби 11 январ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ағбаҳо барфи пуршиддат меборад, дар роҳҳои мошингард хатари яхбандӣ вуҷуд дорад. 10-11 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад.

10-12 январ обуҳавошиносон лағзиши тармаро дар қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ мекунанд.

14-16 январ дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ коҳиш меёбад ва то ба 32-37 дараҷа сард мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб ҳаво то -50 дараҷа сард хоҳад шуд.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 10, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд