««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Хонандагони Мактаби президентӣ дар Хоруғ ба озмун омодагии ҷиддӣ мебинанд

Январь 30, 2023 21:52

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ«Ховар»/. Хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ» барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» ҳамаҷониба омодагӣ  мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба муассисаи мазкур хабар медиҳад.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Даври якуми он моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, даври дуюм моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад. Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Даври чоруми озмун нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.

АКС: МТД «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ»

Январь 30, 2023 21:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид