Вакилони Маҷлиси намояндагон ба якчанд лоиҳаи қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид намуданд

Январь 18, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба якчанд қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Иҷлосияи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иброз намуданд, ки лоиҳаи қонун аз 9 боб ва 43 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Фозил Обидзода ва Ғиёсиддин Ашурзода муаррифӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

 

Январь 18, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд