Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд

Октябрь 29, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Айбек Дадебай мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.  Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд таҳким меёбанд.

Зимни мулоқот ба нақши калидии сарони ду давлат дар таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.Ҷонибҳо ҳавсмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои амалии Маҷлиси миллӣ бо Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, иброз намуданд.  Дар баробари ин, ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши табодули илмию таълимӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд