Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми чоруми байнипарлмуонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷаласаи канорӣ дар мавзуи «Амнияти об, иқлим ва муҳити зист ҳамчун асоси рушди устувори минтақа» доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа амнияти обӣ, иқлим ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун асоси рушди устувори дарозмуддати тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки об, иқлим ва амнияти экологӣ ҳамчун асоси рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки хонаи умумии мо арзёбӣ мегардад, як экосистемаи ягонаи ҷуғрофӣ, экологӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Имрӯз масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи об ва дигар захираҳои табиӣ, таъмини ҳавои тоза ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ аз вазифаҳои танҳо идоравӣ хеле берун рафтаанд. Онҳо аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ пайдо кардаанд ва муттаҳидсозии бечунучарои талошҳоро дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ талаб мекунанд.
Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба густариш ва амиқсозии чунин шарикӣ афзалият медиҳад. Чаҳорчӯбаи ҳуқуқии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтазам тақвият меёбад, ин як қатор ёддоштҳо ва созишномаҳои дуҷонибаи калидӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, ки масъалаҳои гуногунро аз мутобиқшавӣ то тағйирёбии иқлим ва ҳифзи намудҳои нодири ҳайвонот (масалан, бабри барфӣ ва бузи пармашох- морхур) то мониторинги экосистемаҳои баландкӯҳ ва татбиқи технологияҳои сабзро фаро мегирад.
«Марҳилаи кунунии рушди минтақа мушкилоти ҷиддии фаромарзиро ба миён меорад, ки онҳоро набояд нодида гирифт. Инҳо иборатанд аз обшавии босуръати пиряхҳо, ки хатари аз даст додани захираҳои оби ширини дарозмуддат ва пайдоиши селҳои харобиоварро ба вуҷуд меорад, чангу ғубор ва тӯфонҳои регӣ, ки вайроншавии хок ва обшавии пиряхҳои Помирро суръат мебахшанд, афзоиши норасоии об ва вайроншавии чарогоҳҳо ва ғайраҳо. Ин таҳдидҳо марзҳои миллиро намедонанд. Дар ин робита ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо махсусан муҳиманд»,-таъкид гардид дар ҷаласа.
Иштирокдорони ҷаласа-намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои идоракунии муштараки захираҳои обии фаромарзиро дар шароити камобӣ, устувории иқлим, коҳиш додани таъсири обшавии пиряхҳо, мутобиқ кардани соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Баъди ҷаласаҳои канории бисёрҷонибаи парлумонӣ, дар Форуми чоруми байнипарлмуонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки он равишҳои ягонаи кишварҳои Осиёи Марказиро барои таъмини устувории экологӣ ва иқтисодӣ тақвият медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






