ВАО: шумораи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Пешовари Покистон ба 72 нафар расид

Январь 31, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари таркиш дар масҷиди шаҳри Пешовари Покистон на кам аз 72 нафар кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Geo.tv иттилоъ дод.

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи худкуш дар масҷиди назди идораи полис дар шаҳри Пешовар ба 72 нафар расид, зеро наҷотдиҳандагон субҳидами сешанбе боз 9 нафари дигарро аз зери харобаҳо берун карданд. Гуфта мешавад, ки 150 нафари дигар захмӣ шудаанд. Қаблан дар бораи 59 кушта ва 157 захмӣ хабар расида буд.

Бино ба иттилои кормандони мақомоти амнияти миллӣ, террористи худкуш таҷҳизоти таркандаро ҳангоми намози нисфирӯзӣ дар масҷиде, ки пур аз одамон, аз ҷумла полис ва низомиён буд, ба кор даровардааст. Дар ҷои ҳодиса амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад ва шумораи қурбониён метавонад зиёд гардад. Гуфта мешавад, ки ҳангоми таркиш дар масҷид то 500 нафар одамон ҳузур доштаанд.

Тавре шабакаи телевизионии Geo.tv хабар медиҳад, масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи дар Покистон мамнӯи «Таҳрик-и-Толибони Покистон» («Ҳаракати толибони Покистон»)  бар уҳда гирифтааст.

 Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС:© AP Photo/ Zubair Khan

Январь 31, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад