30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. «Бонувони Тоҷикистон» барои марзбонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҳфили фарҳангӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал роҳбарияти маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба яке аз қисмҳои низомии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рафта, бо сарбозону афсарон мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хабар медиҳад.
Меҳмонон бо шароити хизмат, будубоши афсарону сарбозон шинос шуда, зимни вохўрӣ иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар гардидани шароити хизмат дар Артиши миллӣ равона гардидааст.
Сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон Шоҳона Одиназода иштирокдорони ҷамъомадро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, барои садоқату вафодориашон дар муҳофизати марзи Тоҷикистон, барои хоби бароҳати модарон ва зиндагии осудаи сокинон ба афсарону сарбозони Ватан изҳори сипос намуд.
«Ташкили чунин вохўриҳои хотирмон бо модарон ва аҳли зиё, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба хизматчиёни ҳарбӣ неруву илҳоми тоза мебахшад»,-илова намуд Шоҳона Одиназода.
Дар вохӯрӣ оид ба таърихи халқи тоҷик ва роҳи пурпечутоби аҷдодони мо дар масири давлатдорӣ, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат Куруши Кабир, Спитамен Бобаку Темурмалик ва дигарон дар ҳифзу пойдории Ватан бо овардани мисолҳои ҷолиб аз саргузашти ин қаҳрамонон изҳори андеша карда шуд.
Ҳамчунин барои фарзандони шуҷои Ватан шеъру ғазалҳо, ки дар васфи матонату ҷонфидоии марзбонон дар роҳи ҳифзи сарзамини аҷдодӣ бахшида шудаанд, қироат гардида таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар ҷавонписар ба ҳисоб меравад ва он мактаби бузурги ҷавонмардӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сарбозон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.


Баъдан ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва дигар ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи рангини ҳунарӣ табъи хизматчиёни ҳарибро болида гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати меҳмонон ба ин қисми низомӣ маводи хӯрока, маҷаллаю рӯзномаҳо ва асарҳои тозанашр тақдим намуданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






