35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 13 корхонаи истеҳсолӣ бунёд карда мешавад

Февраль 11, 2023 17:37

ВАРЗОБ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорону сокинони ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтаанд. Дар айни замон сохтмони 20 иншооти ҷашнӣ идома дошта, 13 иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин хусус раиси ноҳияи Варзоб Шарифхон Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Варзоб бунёди 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ 1000 адад минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплеси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2022 45 ҳазору 291 нафар сайёҳони дохилӣ ва 5022 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд