35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорону саховатпешагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён роҳу мактаб месозанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурўҳи соҳибкорону ташаббускорони Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон 5 км роҳи мошингарди деҳаро дар кутоҳтарин вақт асфалтпӯш намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Аз ин пеш ин соҳибкорон дар назди мактаби деҳаи Заркамар бинои иловагии таълимиро, ки аз ду ошёна ва 4 синфхона иборат мебошад, сохта ба истифода доданд. Бо бунёди ин синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби мазкур камбуди норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бартараф гардид.
Ёдовар мешавем, ки зимни вохўрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону соҳибкорон 3 феврали соли равон дар ноҳияи Қубодиён, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, иброз гардид, ки аз тарафи ҳамин гурўҳи ташабускорон дар деҳаи «Чунортуға»-и Ҷамоати мазкур боз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз шудааст.
Яке аз соҳибкорон иброз дошт, ки «тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо бояд дўстдории Ватанро на дар сухан, балки дар амал собит намоем. Бо сохтани синфхонаҳои иловагӣ мо ба рушди маориф мусоидат карда, дар таълиму тарбияи фарзандони худамон, ки ояндаи Тоҷикистонанд саҳм мегузорем»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






