Агентии хоҷагии ҷангал: «Дар сардиҳои охир талафёбии аз меъёр зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба қайд гирифта нашудааст»

Февраль 1, 2023 19:29

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи январи соли равон (аз 11 то 30 январ), ки ҳаво якбора сард шуду барфи зиёд борид, дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва шикоргоҳҳои зертобеи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати фавқулода рух надода, инчунин талафёбии аз меъёр зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба қайд гирифта нашудааст. Чунин иттилоъ дода шуд 31 январ дар нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022.

Масъулин дар шарҳи бештари ин мавзўъ илова карданд, ки бо мақсади ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвонот ваҳшӣ ва парандагони ҷангал, пешгирии талафёбии онҳо дар давраи сардиҳои зимистон то моҳи январи соли 2022 зиёда аз 18657 кг рези гандум, 4261 кг ҷав, шолӣ ва дигар донагиҳо, 29642 кг хошок ва хӯрокҳои консентратӣ захира карда шуда, роҳу пайраҳаҳои ҳайвонгузар ба тартиб дароварда шуданд.

Агентӣ бо мақсади пешгирии талафёбии ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодири дар ҳудуди ҷангалзорҳо ва хоҷагиҳои шикорӣ сукунатдошта дар сардиҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор барқияи фаврӣ ирсол карда, масъулини ситодҳои зимистонгузаронии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки гузаронидани корҳои биотехникиро вусъат бахшида, сари вақт пошидани коҳ, рези гандум, ҷав, ҷуворӣ, намак ва дигар намудҳои хўроки дуруштро дар мавзеъҳои баландкўҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд