«Амонатбонк» ва «Sparkassenstiftug» лоиҳаи нави минтақавиро татбиқ менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани лоиҳаи нави минтақавии «Ташаккули иҷтимоию экологии тиҷорати хурду миёна дар деҳот ва хизматрасониҳои устувори молиявӣ дар Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Украина» дар мулоқоти роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо роҳбари намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) дар Душанбе баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, муносиб кардани раванди қарздиҳӣ ва пешниҳоди маҳсулоти нави бонкӣ барои мизоҷон, инчунин табодули таҷриба дар доираи лоиҳаи минтақавиро баррасӣ намуданд.
«Амонатбонк» соли гузашта барои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, хусусан ба занҳои соҳибкор қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Занҳои муваффақ» амалӣ намуд ва омода аст, ки дар татбиқи лоиҳаи нав ҳамкориро бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) густариш диҳад.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






