БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба истифода дода мешаванд
ВАҲДАТ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани 808 иншоот, аз қабили 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 51 иншооти соҳаи тандурустӣ, 119 иншооти соҳаи маориф, 23 иншооти варзишӣ, 24 иншооти фарҳангӣ, 212 иншооти хизматрасонӣ, 106 бинои истиқоматӣ ва дигар иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.
Соли 2022 дар шаҳр 25 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар қисми зиёди иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки ба ифтихори Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва саноатикунонии шаҳри Ваҳдат соли 2022 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ нуҳ корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли хӯроки моҳӣ, доруворӣ, истеҳсоли равғани растанӣ, хишти пухта, қуму шағал ва сангҳои ороишию маҳсулоти сохтмонӣ ба истифода дода шуданд. Ин корхонаҳо соли 2022 бо маблағи 3 миллиону 310 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат 107 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2022 ба як миллиарду 178 миллиону 26,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 се миллиону 505,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд






