Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак фиристода шуд

Февраль 20, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумак ба оилаҳое, ки давоми чанд рӯзи моҳи феврали соли равон дар натиҷаи офати табиӣ зарар диданд, дастрас карда мешавад.

Кумаки мазкур дар маҷмӯъ аз 18 тонна маҳсулоти ғизоӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин 250 кат бо ҷиҳози хоб, маҷмӯи сару либос, 50 печи аловӣ ва як миқдор таҷҳизоти электрикии гармидиҳӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида фиристода шуд.

Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипосу минатдорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

АКС аз рӯи навор

Февраль 20, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон