Дар Бадахшон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон Ассотсиатсияи соҳибкорзанон таъсис дода шуд

Февраль 11, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон Ассотсиатсияи соҳибкорзанони вилоят таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа оид ба масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкорзанон баён гардид, ки аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур метавонанд барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ баҳри рушду нумуи соҳибкорӣ, муаррифӣ намудани фарҳанги Бадахшон, таъмини занони хонашин бо ҷойи кор саҳмгузорӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намоянд ва мақсад аз таъсиси чунин Ассотсиатсия -ин имконияти беҳтар фароҳам овардан барои соҳибкорзанон мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи соҳибкорзанон дар вилоят ва таъсис додани сомонаи расмӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз карда шуд, ки соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Инчунин тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2025» аз 236 лоиҳаи пешниҳодшуда 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтанд, ки барои таъсиси 395 ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ мусоидат намуданд.

Саҳми занону бонувон дар рушди иқтисоди ҷомеа ҳам назаррас буда, аз шумораи умумии 340 ҳазору 115 нафар соҳибкорони инфиродии амалкунанда 79 ҳазору 985 (24,8%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 982 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии 172 ҳазору 108 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонї 38 ҳазору 927 (22,6%) нафарро занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонї ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2021, 216 нафар зиёд мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 11, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд