Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм конфронс баргузор шуд

Февраль 11, 2023 14:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» баргузор гардид. Дар ин ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудаанд, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷиддитар мегардонанд.

Дар конфронс устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Эҳтироми зан эҳтироми-миллат аст», «Махсусиятҳои диди бадеии Фирдавсӣ ва Низомӣ дар офариниши нақши занон (дар мисоли «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ)» ва «Фарҳанги рақамӣ-омили муҳим дар рушди касбияти мутахассиси замони муосир» маърӯзаҳо карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза мегирад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 11, 2023 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд