Дар Душанбе суръатбахшии раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд

Февраль 24, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суръатбахшии раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (Generalised Scheme of Preferences Plus (GSP+) дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Русия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо соли гузашта 490,2 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 53,7 миллион доллари америкоӣ ё 12,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Аммо бо назардошти захираву имконияти васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи ҷалби бештари маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷараёни амалишавии Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 баррасӣ карда шуд.

Таъкид шуд, ки дар доираи «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027» бояд ба соҳаҳои иқтисоди «сабз»-у рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шавад.

Мусоҳибон барои густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 24, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард