Дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.
Дар маросими кушодашавии кафедраи мазкур намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар назди Донишгоҳи мазкур тақозои замон буда, зимни баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ донишҷўён маълумоти зарурии ҳарбӣ мегиранд ва барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омода мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор боиси беҳтар гаштани сифати омодагии низомӣ мешавад. Ҳамчунин хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагию диловарӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ буда, ҷавононро рӯҳану ҷисман обутоб медиҳад.
Ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барои мусоидат ва кумак дар таъсиси кафедраи ҳарбӣ ба онҳо миннатдорӣ баён намуд.
Аз омӯзгорони кафедраи мазкур фаъолияти содиқона дар раванди тайёр намудани афсарони эҳтиётӣ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ омода карда мешаванд, дархост карда шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






