Дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Коллеҷи лифт таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар доираи ҳамкорӣ бо Коллеҷи лифти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар назди донишгоҳ Коллеҷи лифт таъсис диҳад. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда иброз дошт, ки бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ 5 нафар устодон ва 25 нафар донишҷӯёни донишгоҳ даврҳои омӯзишии маҷозии зеҳни сунъии Донишгоҳи аSSIST Кореяи Ҷанубиро хатм намуданд.
Ҳоло панҷ нафар устодони донишгоҳ дар даврҳои омӯзишии ташкилнамудаи «ТаҷРапт» ба омӯхтани ҷузъиёти зеҳни сунъӣ машғуланд. Таъкид гардид, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълим ва донишҳои муосири устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи тақвияти раванди рақамикунонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва эҳтиёҷоти бозори меҳнати мамлакат ба мутахассиони ҳирфаии дорои таҷрибаи донишҳои замонавӣ андешида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






