ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Пешрафти устувору натиҷабахши иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шукуфон аст

Февраль 25, 2023 15:06

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022  масоили иқтисодӣ аз оғоз то ба анҷоми он нақши марказӣ дошт, ки ин бесабаб набуд. Зеро дар айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе маълум нест.

Бино ба гуфтаи декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насимҷон Абдулмуминзода, Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рӯҳбаландкунанда дошт, зеро дар чунин давраи буҳронӣ мамлакати мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин проблемаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд.

«Соли 2022 соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот сабаби он гардидааст, ки дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Омодагӣ ва тадбирандешиҳои саривақтӣ имкон дод, ки на танҳо вазъи иқтисодӣ дар ҳолати мутавозун нигоҳ дошта шавад, балки пешравиҳои иқтисодӣ низ таъмин гарданд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд»,-таъкид дошт мусоҳиб.

Тавре декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ баён дошт,  Сарвари давлатамон на танҳо дар доираи Паёми навбатӣ, балки дар ҳама суханрониҳояшон як ҳадафи асосӣ доранд, ки он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқамон мебошад.

«Пешвои миллат барои он аз иқтисоди миллӣ пуштибонӣ менамоянд, ки пешрафти устувору натиҷабахши чунин иқтисодиёт кафолати таъмини зиндагии шукуфон мебошад. Таҳлилҳои Пешвои миллат дар Паём гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хуб ба миён овардаанд.

«Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид»,-омадааст дар Паём.

Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад. Агар мо нишондиҳандаву рақамҳоро бо замони соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ хеле калон аст. «Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000 ислоҳоти густурдаи иқтисодиро пеш бурда истодааст. Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, «…дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд»,- иброз дошт Насимҷон Абдулмуминзода.

Ба андешаи мавсуф, таҳлилҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба масъалаҳои иқтисодӣ мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ- ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паём таъкид гардид, ”… соли 2022 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар мамлакат мусоидат намуд”.

«Яке аз самтҳои назарраси чунин ислоҳоти самаранок- ин дуруст ба роҳ гузоштани низоми молиявию бонкӣ ба ҳисоб меравад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардид, ки муфлисшавии системаи бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани маош, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ сабаб гардид, ки сатҳи камбизоатӣ новобаста ба буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад. Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: «Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд»,-иқтибос овард аз Паём устоди донишгоҳ.

Тавре дар муқаддимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ишора гардид, соли 2022 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилтарин давра ба шумор рафта, давлату кишварҳои алоҳида давраи буҳронии мураккаберо паси сар карда истодаанд. Бояд гуфт, ки ин ҳолат ҳатто барои бузургтарин кишварҳои саноативу пешрафта истисно нест.

«Ба таври мисол, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки як навъ нозири иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошанд, ба буҳронҳои молиявӣ, аз ҷумла беқурбшавии асъор рӯ ба рӯ гардидаанд. Зуд-зуд дар доираи саммитҳои ҳаштгонаву бистгона андешидани тадбирҳо низ алҳол самараи дилхоҳ наовардааст. Дар чунин вазъ низоми иқтисодии ҷумҳурии мо дар ҳолати муқаррарӣ қарор дошта, қурби асъори миллии мо мусбат арзёбӣ мегардад, гуфта шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паём ифода мекард. Дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар шаҳрванди давлати мо нақш дошта метавонад. Чунин мазмун  аз оғоз то анҷоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаро гирифтааст»,-хулоса кард декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насимҷон Абдулмуминзода.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳким меёбад
190 мактаби шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф доир мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд шинос шуд
«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!
Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид
Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид