Дар шаҳри Кӯлоб 165 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд

Февраль 21, 2023 19:36

КӮЛОБ, 21.02.2023 /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри Кӯлоб то охири соли равон 165 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маълумот доданд.

Баҳри таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб  бо ҷалби маблағҳои ҳамаи сарчашмаҳо сохта, ба истифода додани 462 иншооти таъйиноти  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз  80 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маҳаллаи Ҳамадонӣ  ҶДММ «Азиминшоот»  бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар бинои  9-ошёна  вусъат мебахшад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ва  ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр дар  қатори иншооти нав ҳамчунин ҳамаи бинову иншооти мавҷуда, аз ҷумла хонаҳои истиқоматии баландошёна  низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ аз нав рангу бор карда шуданд. Ин иқдом ба симои тоза касб намудани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр мусоидат намуд.

Соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб  бо мақсади пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа  бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва соҳибкорони маҳаллӣ  дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ тибқи лоиҳаи барномаҳои давлатӣ беш аз 100 иншооти нав бунёд гардиданд.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи бунёдкоронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Кӯлоб сохтмони якчанд биноҳои истиқоматии баландошёна идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 21, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд