Дар штати Техаси Америка тӯфони зимистона бо борони сард ба амал омад

Февраль 2, 2023 13:57

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар штати Техаси ШМА тӯфони зимистона бо борони сард ба амал омад. Роҳҳои мошингард дар ҳолати яхбандӣ қарор дошта, дар роҳҳо садҳо садҳо садамаҳои нақлиётӣ  рух медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «МИР 24» хабар медиҳад.

Дар атрофи Трэвис, ки ба штати Техас дохил мешавад, мошинҳо дар ҳар се дақиқа ба ҳам бармехӯранд. Ва аз субҳ ҳамин тавр аст. Яхреза, ки дар тамоми роҳҳо пош шудааст, ба ронандагон имконият намедиҳад, ки зуд ҳаракат кунанд.

Корхонаҳои коммуналӣ қариб якуним миллиард галлон моеи тозакунандаи яхро истифода бурданд, аммо то ҳол  хамаи кӯшишхо бенатиҷаанд.

Қариб ҳафт ҳазор нафар бе барқ ​​мондаанд. Ноқилҳо ях бастаанд, баъзе хатҳои интиқоли барқ ​​дар зери вазни барфу ях фурӯ рехтаанд, садҳо дарахтон ғалтидаанд. Бар асари номусоидии вазъи ҳаво дар Техас ва штатҳои ҳамсояи ШМА қариб ҳазор парвоз лағв шуда, тақрибан 800 парвози дигар ба таъхир гузошта шуд.

Роҳҳои мошингард, кӯчаҳои шаҳр ва роҳҳои пиёдагард ях бастаанд. Рӯзҳои наздик мактабҳо ва коллеҷҳо дар Техас, Оклахома ва Арканзас баста мешаванд ё ба шакли фосилавӣ мегузаранд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Smiley N. Pool /AP/ ТАСС ШМА

Февраль 2, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст