Дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» корҳо оғоз ёфтаанд

Февраль 2, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» соли равон ду вохӯрии онлайнӣ ва ҳузурӣ бо мутахассиони Русия баргузор карда шуд. Дар ин хусус сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки 10 ноябри соли 2022 дар доираи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» ба имзо расонида шуда, корҳои нақшавӣ дар доираи барномаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи сесола мубодилаи таҷриба оид ба коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи машваратҳо ва вохӯриҳои дуҷониба, ташаккули истифодаи усули ҷазби ионӣ дар ҷустуҷӯи конҳои полиметаллӣ, ки дар сатҳи замин суст зоҳир мешаванд, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба дар соҳаи таъминоти дастурамалҳои илмӣ-методӣ ва идоракунии сифати таҳқиқоти лабораторӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи «Рақамикунонии истифодаи табиат ба манфиати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили геопаркҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар нишаст доир ба татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» тазаккур дода шуд, ки кормандони  Саридора баҳри татбиқи он  бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанӣ минбаъд низ талош менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд