Дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» корҳо оғоз ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» соли равон ду вохӯрии онлайнӣ ва ҳузурӣ бо мутахассиони Русия баргузор карда шуд. Дар ин хусус сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф тазаккур дод, ки 10 ноябри соли 2022 дар доираи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025» ба имзо расонида шуда, корҳои нақшавӣ дар доираи барномаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи сесола мубодилаи таҷриба оид ба коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи машваратҳо ва вохӯриҳои дуҷониба, ташаккули истифодаи усули ҷазби ионӣ дар ҷустуҷӯи конҳои полиметаллӣ, ки дар сатҳи замин суст зоҳир мешаванд, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба дар соҳаи таъминоти дастурамалҳои илмӣ-методӣ ва идоракунии сифати таҳқиқоти лабораторӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи «Рақамикунонии истифодаи табиат ба манфиати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили геопаркҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар нишаст доир ба татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» тазаккур дода шуд, ки кормандони Саридора баҳри татбиқи он бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанӣ минбаъд низ талош менамоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






